Қадрдонии ғолибони озмуни “Навои Истиқлол”

Озмуни суруду оҳангҳои беҳтарин таҳти  унвони «Навои Истиқлол»  бо ташаббуси  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули нерую маҳорати эҷодӣ, мусоидат ба эҷоди асарҳои баландмазмуни мусиқӣ,  суруду оҳангҳои нави мазмуни баланди ватандўстию ватанпарастидошта ва таранумгари истиқлолу ваҳдати миллӣ  аз 9 ноябри соли 2020  эълон гардида,   то 1 марти соли 2021 идома ёфта, дар он композиторон, сарояндагон  ва шахсони дорои маълумоти мусиқии касбӣ иштирок  намуданд.

Теъдоди китобҳо дар махзани маърифати кумита афзойиш меёбад

Дар пайравӣ ба ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани завқу маърифати китобхонию китобдорӣ дар ҷомеа бештар аз як сол мешавад, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхона барои кормандон таъсис дода шудааст. Ифтитоҳи махзани маърифат имкон фароҳам овард, то кормандони кумита дар вақтҳои мусоид тавонанд, баҳри тавсеа бахшидани ҷаҳонбинӣ ва такмили донишҳои соҳавӣ фаровон истифода баранд.

Дар китобхона мувофиқ ба завқу хоҳишҳои дӯстдорони китоб адабиёти гуногун дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла адабиёти ҷаҳон, адабиёти классикӣ, адабиёти илмӣ, адабиёти соҳавӣ ва гӯшаи алоҳида иборат аз китобҳои Сардори давлат таҳти унвони «Асарҳои мондагори Пешвои миллат» гирд оварда шудааст. Болои рафи китобҳоро аксҳои намояндагони адабиёти классикиамон  зиннат мебахшанд, ки дар ҳар яки онҳо порае аз мероси мондагори эшон оварда шудааст.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.04.2021 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии кумита, роҳбарони сохторҳои кумита, аз ҷумла роҳбарияти радиову телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд.
Нахуст маърӯзаи муовини аввали раиси кумита Субҳиддин Шамсиддинзода оид ба натиҷаҳои семоҳаи самтҳои асосии фаъолияти кумита шунида шуд. Таъкид гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати итттилоотии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши назаррас мегузорад.

Страницы