Ахбори Точикистон Имруз - 22.01.2021 | novosti tajikistana
Нашр шуд. Ҷум, 22/01/2021 - 15:15

Дастгоҳҳои пахши барномаҳои Радиои “Тоҷикистон” ва 3 шабакаи он бо навтарин таҷҳизот азнавсозӣ шуданд.
Имрӯз дар ҳузури Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дастгоҳҳои пахши барномаҳои Радиои “Тоҷикистон” тавассути таҷҳизоту барномаи нав дар эфир пахш шуданд. Тавре муҳандис ва масъули насби барномаҳо Сергей Каротина зимни муаррифӣ қайд намуд, барномаи мазкур истеҳсоли Италия буда, ҳоло танҳо дар баъзе аз давлатҳои Аврупо ва инак дар Тоҷикистон истифода мешавад. Ба гуфтаи Сергей Радиои “Тоҷикистон” ва 3 шабакаи он аз ҷумлаи аввалин истифодабарандаи насли нави ин барнома ба ҳисоб мераванд.
Барнома ва таҷҳизотҳои нав бисёрсамта буда, аксар корҳои эфирро ба таври автоматӣ иҷро мекунанд ва шунавандагон бар иловаи хатти телефон боз тариқи интернет ба таври мустақим бо студия пайваст мешаванд. Муҳимтар аз ҳама минбаъд сатҳу сифати барномаҳо беҳтар мегардад.
Ба 1 ширкати сайёҳӣ- ҶДММ «Силкей эдвенче», ки нав ба бозори хизматрасонӣ ворид гардид, иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд. Инчунин муҳлати амали иҷозатномаи ширкатҳои ҶДММ «Ҳабиба Турс», ҶДММ «Восток трэвел тур», ҶДММ «Айс тур» ва ҶДММ «Кошиф» барои фаъолияти самаранок тамдид гардид.
Дар ин бора имрӯз дар ҷамъомад, ки
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
