Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Комбинати кишоварзии «Дзержинский»-и Ҷумҳурии Беларус боздид намуданд
Нашр шуд. Якш, 30/06/2019 - 13:50Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмӯъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.