Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир бо эътирози прокурорҳо 170 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин бекор карда шуд»
Нашр шуд. Душ, 17/09/2018 - 10:15Тавре қаблан иттилоъ додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 сентябр дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карда, натиҷаҳои фаъолияти меҳнаткашон, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоятро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвари давлат зимни суханронии худ доир ба мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуда, ба масъулин баҳри рафъи онҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат дастуру супориш доданд.