Ахбор

Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2-и Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2 аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ — 2 корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобонӣ анҷом ёфта, рангубор ва арматурбандии қисмати сақф бо ҷалби мутахассисон идома дорад.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақа шарики стратегӣ мегарданд

Интизор меравад дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи августи соли равон дар назар аст, байни ду давлати дӯсту ҳамсоя –Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расад. Ин матлабро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоише, ки 20 июл

Страницы