Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 феврал Бонки миллӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи телевизион ва радио, МД «Телевизиони Сафина», МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

5 феврал Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва
риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон, фармон медиҳам:

1. Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигаре, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлати се моҳ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 январи соли 2020
№1445

Сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Қирғизистон нусхаи эътимодномаи худро супорид

31 январ Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Чингиз Айдарбеков супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ч.Айдарбеков сафири Тоҷикистонро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бар асоси принсипҳои

Страницы