Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии «Нурафшон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Нашр шуд. Душ, 22/10/2018 - 14:34Дар доираи сафари кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони хусусии «Нурафшон»-ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор доданд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат аст. Манораи бино барои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.