НОМАҲОИ ШОДБОШӢ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Шан, 08/09/2018 - 19:13Дар арафаи фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимиро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.