Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нашр шуд. Душ, 17/09/2018 - 10:1415 сентябри соли 2018 дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва кулли мардуми вилоятро ба ифтихори ҷашни 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.