Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг шинос шуданд
Нашр шуд. Ҷум, 13/09/2024 - 16:5812 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш оғоз ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “САНИИОСП” таҳия шудааст.
Бинои Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат хоҳад буд. Корҳои сохтмониро дар ин иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Осим иншоот” анҷом медиҳад.
Дар бинои Қасри фарҳанг барои кормандони соҳа тамоми шароити муосир фароҳам гардида, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ ҷойгир хоҳад шуд.