НИШАСТИ МАТБУОТӢ: дар ҷумҳурӣ 13 телевизиони давлатӣ, 32 телевизиони ғайридавлатӣ, 10 радиои давлатӣ ва 21 радиои ғайридавлатӣ фаъолият доранд

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Муовини аввали раиси Кумита Муҳаммадшариф Бобошозода зикр кард, ки Кумита дар шаш моҳи соли 2018 аз рӯйдодҳои муҳими мамлакат, чорабиниҳои сатҳи баланд, сафару мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2-и Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2 аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ — 2 корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобонӣ анҷом ёфта, рангубор ва арматурбандии қисмати сақф бо ҷалби мутахассисон идома дорад.

Бо ҷалби сохтмончиён дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 низ корҳо бомаром идома дошта, тибқи нақша, ҳаҷми умумии корҳое, ки дар ин қитъа бояд анҷом ёбанд, 36 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки то ба имрӯз 15 ҳазор метри мукааб аз ҳаҷми умумии корҳо ба сомон расонида шудааст.

Тавре маълум гашт, дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 корҳои анҷомёфтаи нақбканӣ зиёда аз 10 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, ҳамчунин 3 ҳазор тонна арматур дар қисматҳои сохтмонӣ банду баст гардидаанд. Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати гузариши нақби сохтмонии СТ-1 бо суръат ва сатҳу сифати баланд идома доранд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд.

Страницы