Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом
Нашр шуд. Чор, 27/06/2018 - 21:19Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом!
Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем.
Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям.
Бисту як сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.
Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.






