Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи рақами 28 дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами  28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри  соли 2017 оғоз гардида,  моҳи июни соли 2018 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ХЭОПС» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада дар ин муассисаи томактабӣ баҳои баланд доданд. Ба истифода додани муассисаи томактабиро сокинони маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд  туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат  арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

26 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” — ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” аз тарафи муассисон- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” — и Туркия бунёд шуд.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” — и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошанд.

Масоҳати умумии корхона беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла, масоҳати биноҳои истеҳсолӣ қариб 3 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Ифтитоҳи ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, кӯдакистон ва чойхона дар шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафар имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, чойхона ва кӯдакистонро барои 240 ҷой расман ба истифода дода, ба 80 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Бунёду ба истифода додани 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо, чойхона ва бинои лоиҳавии кӯдакистон барои 240 ҷой бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ собитгари пуштибонӣ аз сиёсати созандагии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат, самараи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалбу ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо бахши хусусӣ дар бунёди чунин иншооти замонавии иҷтимоӣ ва бунёдкорию ободонӣ мебошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин иншооти нав расман ифтитоҳ бахшида, нақшу саҳми соҳибкорони ватаниро дар рушди ободонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Страницы