Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!

Мулоқоти имрӯзаи мову шумо — мардуми ҳунарманду заҳматқарини шаҳри бостонии Истаравшан дар арафаи ҷашни ваҳдати миллӣ баргузор мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо, сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонӣ, кулли мардуми Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, бо дарназардошти имкониятҳои васеъи кишварамон барои пешрафти ин соҳаи муҳим, бахусус, ободии шаҳрҳои қадима, ки дар ҳудуди онҳо ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ҳифз гардида, мардум ҳунарҳои аҷдодиро пос медоранду идома медиҳанд, қабул карда шуд.

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Раъйи дар натиҷаи  интихоботи мазкур бадастовардаи Шумо боз як нишонаи эътимоду дастгирии ҷомеаи Туркия аз сиёсати  созандаи Шумо  мебошад.

Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими ҳамаҷонибаи муносиботи гуногунҷанбаи судманд бо Ҷумҳурии Туркия мебошад ва мо аз сатҳи имрӯзаи  ҳамкориҳои кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъю эҳтимоми муштарак равобити неки байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бароварда, онҳоро бо мазмуну мундариҷаи тоза боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаока

25 июн дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаокаро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд.
 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳо дар самтҳои таъмини оби нушокӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия, энергетика ва идоракунии сарҳади давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
 
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва ҳадафҳои стратегии дуҷониба, аз ҷумла Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон баҳри татбиқи Стратегияи

Страницы