Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан
Нашр шуд. Душ, 25/06/2018 - 13:41Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои «Маркази ҷавонон ва наврасон»-и шаҳр сохта шудааст, ки қаблан ин мавзеъ ҷойи нообод буд.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи Парчам 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «МПМК Ӯротеппа» мебошад.
Атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро фаввораҳою роҳрав ва намои иншооти наву замонавии бунëдшуда назаррабо сохта, ин ҷо бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба макони дилписанду зебо табдил ёфтааст.





