Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку
Нашр шуд. Сеш, 19/06/2018 - 19:54


19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандии худро оид ба дастгирии Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ иброз доштанд.
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн 18 — 19 июни соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар таърихи 20 – 21 июни 2018 иштирок хоҳад кард. Аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ истиқболи гарму самимӣ сурат гирифт.
2. Мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн баргузор гардид ва дар пайи он нишати васеи ҳайатҳо бо ҳузури ҷонибҳо доир гашт.
3. Ду роҳбар масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди муҳокимаи амиқ қарор доданд.
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
