«30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Имрӯз дар Душанбе таҳти ин унвон Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ доир гардид
Нашр шуд. Ҷум, 11/10/2024 - 14:17Имрӯз дар бинои Парлумони Тоҷикистон бо ибтикори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд.









