Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев
Нашр шуд. Пан, 15/03/2018 - 11:0015 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот карда, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо раванди рушди бонизоми муносибатҳои шарикию стратегии кишварҳоро, ки ба манфиати мардумони Тоҷикистону Қазоқистон равона гардидааст, махсус зикр намуданд.
Ҳуҷҷати ҷамъбастии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»
Нашр шуд. Пан, 15/03/2018 - 08:0214 марти соли 2018 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»-ро нашр намуд, ки тавсияҳои ПСБМО ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст.