Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Имрӯз дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат дар саҳни ин Маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчамбар гузоштанд.

Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарошон Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама 6,3 ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Барои таҷдиди гулгашт ва бунёди муҷассама дар ин майдон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қариб 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғат ва сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳр табдил дода шудааст.

Ба истифода супоридани хати барқии 220 кВ «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи «Рӯдакӣ»

Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази идоракунии зеристгоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ ин иншооти энергетикиро расман ифтитоҳ намуданд.
 
Дар зеристгоҳи «Рӯдакӣ» бинои идоракунии назоратӣ навсозию васеъ ва бо таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳамаи дастгоҳҳои зеристгоҳ тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд.
 
Иттилоъ дода шуд, ки имкон аст тавассути зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент минбаъд ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содирот гардад ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон неру интиқол

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз, расми кушодашавии як қатор иншооти ҷашнӣ ва шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.

Страницы