Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев

15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот карда, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо раванди рушди бонизоми муносибатҳои шарикию стратегии кишварҳоро, ки ба манфиати мардумони Тоҷикистону Қазоқистон равона гардидааст, махсус зикр намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати муносибатҳои шарикӣ давоми 25 — соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноат намуда, имзои 12 санади нави зимни сафари расмӣ баимзорасидаро қадами устувор дар самти таъмиқу густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи робитаҳои дуҷониба маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки айни ҳол мо дар арафаи болоравии сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, фарҳанг, илм ва амният қарор дорем ва бояд онро ба манфиати ҳарду ҷониб самаранок истифода барем.

Ҳуҷҷати ҷамъбастии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»

14 марти соли 2018 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»-ро нашр намуд, ки тавсияҳои ПСБМО ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст.

Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об соли 2016 бо ташаббуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шуд. Ба он сарони 11 давлат ва ҳукуматҳо, аз ҷумла, Маврикий, Мексика, Австралия, Бангладеш, Венгрия, Урдун, Нидерландия, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал ва Тоҷикистон, инчунин мушовири махсус-доктор Ҳан Сеунг-соо, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея шомил гардиданд.

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Страницы