Дар Душанбе фестивали «Суруди сол – 2017» баргузор мешавад

Пагоҳ, 29 декабр,  соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди сол — 2017» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар фестивали мазкур санъаткорони варзида ва шинохтаи ҷумҳурӣ бозёфтҳои нави эҷодии худро дар соли 2017 манзури ҳаводорони суруду мусиқӣ мегардонанд.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳамасола 28 декабр ҷашн гирифта мешавад, бо роҳбарону масъулони як қатор воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

«Тоҷикфилм» ба таҳияи филми таърихии «Шоҳроҳи абрешим» оғоз менамояд

Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» соли 2018 ният дорад, ки ба таҳияи филми таърихии «Шоҳроҳи абрешим» аз рӯи асари адиб ва драматурги тоҷик Ато Ҳамдам оғоз намояд.
Дар ин бора муовини директори «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев дар Рӯзи байналмилалии кино, ки ҳамасола 28 декабр таҷлил мегардад, иттилоъ дод.
Толиб Раҳматуллоев мегӯяд, ки дар ҳоли амалӣ шудани ин нақша филми «Шоҳроҳи абрешим» дар 26 соли соҳибистиқлолӣ нахустин филми

Страницы