Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон!
Нашр шуд. Ҷум, 13/10/2017 - 10:16«Меҳргон ба монанди Наврўз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣбуданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст