Ҳайати иштирокчиёни Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон ба Ўзбекистон сафар кард
Нашр шуд. Сеш, 10/10/2017 - 16:34Имрӯз ҳайати Тоҷикистон бо барномаи фарҳангии хеш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.