Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Нимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиши экспонатҳои таърихии онро тамошо карда, дар интиҳои боздид дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек баҳри шукуфоии ҳар чи бештари Ҷумҳурии Беларус ва саодатмандии мардуми ин кишвар соядаст гузоштанд.

Бо ҳамин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус ба анҷом расид.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

1 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи

Страницы