Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 — умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат буда, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, расо бисту

Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

Имрӯз дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони навбати дуюми корхона 5 августи соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба вилояти Суғд ба итмом расид.

Барои бунёди корхонаи дуюм 15 миллион сомонӣ, аз ҷумла, 10 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот сарф шудааст. Сармояи оинномавии корхона наздики 5 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Коргоҳҳои якуму дуюм дар масоҳати 5,6 гектар бунёд шудаанд.

Страницы