Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

«25 СОЛ МУҚАДДАМ, 16 НОЯБРИ СОЛИ 1992, БО МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ…». Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI аз нигоҳи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

«Мо дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро муайян кардем, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Шоҳкоре барои таърих

Кӯҳро, вақте дар домонаш истодаӣ, намедонӣ, ки хурд аст ё бузург. Азамату ҳашаматашро замоне пай мебарӣ, ки онро аз дуродур, дар радифи дигар пастию баландиҳо бубинӣ. Ва ҳамин тавр, ҳар андоза дуртар мешавӣ, кӯҳ ба назарат ҳамон қадар азимтар ҷилва мекунад.

Страницы