Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Нашр шуд. Чор, 13/09/2017 - 08:27Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 расман оғоз бахшиданд. Дар саҳни мактаб Пешвои миллатро омӯзгорону толибилмон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.