Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Парлумони Аврупо

Нимаи дуюми рӯзи 3 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии хонум Иветта Григулле Петерс, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Анҷоми сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Имрӯз сафари расмии  Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон идома ёфт. Дар доираи сафар Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрори кишвари биҳиштосои мо дар ноҳияи Варзоб ва боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Гурбонгулӣ Бердимухамедов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба санъати гулдӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд

«Меҳмони фахрӣ»-и навбатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон — Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба санъати гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва кашидадӯзӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Пас аз тамошои гӯшаи ҳунарҳои дастии Осорхона Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зикр намуд, ки «фарҳанги мардуми точику туркман ба якдигар хеле  қаробат доранд ва ҳамин фарҳанг аст, ки  моро боз ҳам ба ҳам наздиктар месозад».

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ҷойгир аст, гулчамбар гузошт.

Страницы