Тасдиқи нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат
Нашр шуд. Шан, 28/10/2017 - 10:43
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардад.

27 октябри соли 2017 дар толори бошукӯҳи «Зарандуд»-и Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи 16 — уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Муҳтарам ҷаноби Накао!
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд.



