Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансурӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансуриро ба ҳузур пазируфтанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

Ҷаноби Олӣ Аҳмад Абулғайт, Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ! Ҳозирини гиромӣ! Қабл аз ҳама, ташрифи шуморо ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба иштирокдорони чорабинии имрӯза барори кор орзу мекунам. Се сол пеш дар Риёз нахустин иҷлоси Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он Эъломияи Риёз қабул карда шуд. Ҳамзамон бо ин, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва санади алоҳидаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ба имзо расида буд. Санадҳои мазкур зербинои ҳамкориҳои моро тақвият бахшида, дурнамои густариши муносибатҳо, ҳадафҳо ва самтҳои шарикии моро муайян месозанд. Мо таъсис ёфтани Форумро ба ҳайси воситаи муҳимми ҳамкорӣ ва иқдоми дорои аҳаммияти хосса мешуморем. Ҳамоиши навбатии Форуми навтаъсис имрӯз бори нахуст дар Осиёи Марказӣ, ки дар гузашта бо номи Мовароуннаҳр машҳур буд, барпо мегардад.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон!

«Меҳргон ба монанди Наврўз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣбуданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст

Страницы