Шинохти арзиш ва аҳамияти забони давлатӣ

«Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.
Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. 
Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

30 сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад

30 сентябри соли равон, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барномаи  адабию фарҳангӣ баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар барнома намояндагони Вазорати фарҳанги

Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтанд

Шоми 26 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи пӯшидашавии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Барнома бо иштироки  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор шуд.

Барномаи пӯшидашавии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо консерти гурӯҳи овозадори созии «Триои Консерваторияи Москва», ки аз се нафар навозандагон ва санъатшиносони моҳир Красотина Ирина Викторовна, Румянцев Евгений Валерйевич ва Агеев Николай Лвович иборат буд, оғоз гардида, хотири иштирокдоронро болида гардонид. Бояд гуфт, ки гурӯҳи мазкур дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қалби ҳазорон нафар мухлисони санъатро бо навозиши моҳир ва нотакрори худ мутаассир кардааст.

Страницы