Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust travel»  12 августи соли 2017  хабар дода, афзудааст: «Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводид дорад».
Ба навиштаи маҷалла, Тоҷикистон соли гузашта низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис ёфт

Бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок ва пайваста рушду инкишоф ёфтани фаъолияти минбаъдаи соҳаи фарҳанги мамлакат ва муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, инчунин ҷиҳати омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун

Ҳамдиёрони зиз!
Ноҳияи Ҷайҳун яке аз мавзеъҳои аз лиҳози кишоварзӣ асосиву муҳимми вилояти Хатлон ва кишварамон ба ҳисоб рафта, бо заминҳои ҳосилхез, обҳои фаровон ва муҳимтар аз ҳама, бо мардуми заҳматкашу ганҷофараш шуҳрат дорад ва хусусан, солҳои охир дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”

17 августи соли 2017 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” аз наздик шинос шуда, бо коргарону мутахассисони он суҳбати самимӣ доир карданд.

Страницы