«Ба Ватан хизмат мекунам!»-и «Телевизиони Тоҷикистон» соҳиби ҷоизаи Фестивали байналмилалии «ТЭФИ Иттиҳод 2017» гардид
Нашр шуд. Чор, 20/09/2017 - 18:55
Рўзҳои 14-ум то 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус 7-умин Фестивали байналмилалии телевизионӣ – «ТЭФИ Иттиҳод-2017» баргузор шуд. Мавзўи фестивал дар соли ҷорӣ «Филми ҳуҷҷатӣ» ё худ «Документальный экран» эълон гардид ва имсол 19 шабакаи телевизионӣ аз 12 кишвари аъзои ИДМ ва хориҷи наздик беш аз 20 мавод пешиниҳод намуданд. Аз ҷумла, 2 шабакаи телевизионии кишвари мо 3 филм, филмҳои «Роҳи Пешвои миллат» ва «Ба Ватан хизмат мекунам!» аз ҷониби «Телевизиони Тоҷикистон» ва филми «Майдон» аз ҷониби Телевизиони «Сафина» ба Шўрои комиссияи Фестивал пешниҳод карда шуд.
Дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карданд.
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Аз 11 то 16 сентяри соли равон дар шахри Бишкеки Ҷумхурии Қирғизистон 6-умин Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» баргузор гардид.



