«MADE IN TAJIKISTAN!». Маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар «World Food Moscow-2017» соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд

Ширкатҳои истеҳсолии  Тоҷикистон  дар  намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017», ки дар пойтахти Россия баргузор гардид, соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд.  Дар бахши «Бастубанд ва беҳтарин сифат»  миёни қариб 900 иштирокчӣ аз 16 кишвари ҷаҳон оби маъдании «Ҳавотоғ -1 Докторская» ва оби «Шаффоф» бо медали тилло ва дар номг

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки сафари имсолаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони милал заминаҳои наве фароҳам оварда, табодули афкори дуҷониба барои муайян кардани самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорк

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз шаҳри Ашқобод ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Страницы