Хабарнигори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» дар кинофестивали «Нигоҳи баробар» ҷоизаи асосӣ ба даст овард
Нашр шуд. Чор, 19/04/2017 - 19:41Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон кинофестивали «Нигоҳи баробар» бо ширкати бештар аз 300 нафар баргузор шуд. Ин кинофестивал бо иқдоми Иттиҳоди миллии ташкилотҳои волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Савоб» Лайло Нафасшоева гуфт: «Ҳадафи аслии кинофестивал ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти одамони имконияташон маҳдуд, нишон додани неру ва тавонмандии онҳо дар таҳсил
Китоби «Телевизион ва психологияи инсон» аз таърихи Телевизиони Тоҷикистон ҳикоят мекунад
Нашр шуд. Сеш, 18/04/2017 - 15:39Нашриёти «Истеъдод» китоби Рафоати Абдусалом, аввалин наттоқи Телевизиони Тоҷикистонро бо номи «Телевизион ва психологияи инсон» аз чоп баровард.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоб бо сифати баланд ба нашр расида, барои алоқамандони телевизион, рўзноманигорони садову симо ва донишҷӯён туҳфаи арзанда мебошад.
Китоби мазкур аз пешгуфтор ва чор боб иборат буда, муаллиф доир ба таърих ва ташаккулёбии Телевизиони Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсисёбиаш ба хонандагон маълумоти мукаммал пешниҳод намудааст. Ҳамзамон, дар ин китоб доир ба шахсияти журналист, забони журналистика ва жанрҳои публитсистӣ ибрози назар шуда, мааллиф баъзе афкори худро барои ҷалби диққати хонанда бо аксҳо баён намудааст.