Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шан
Нашр шуд. Шан, 02/09/2017 - 08:55
Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.
Дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шанро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон баҳои арзанда доданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз 30 август то 1 сентябри соли 2017 бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд. Ин мулоқоти дуюми сарони ду кишвари дӯст дар соли равон мебошад.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дирӯз, 31 август Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Барномаи ҳамкорӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия шудааст.
Муҳтарам ректори Донишгоҳи Синхуа,



