Озмун дар Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо мақсади ҷалби наттоқон ва барандагони боистеъдод дар бахшҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисии Идораи иттилоотӣ, ҳамзамон шореҳони сиёсӣ ва иқтисодӣ, коргардонҳо, наворбардорони соҳибзавқ озмун эълон менамояд. Дар озмун вобаста ба самти фаъолият шаҳрвандони аз синни 20 - сола боло ва дорои маълумоти олӣ иштирок карда метавонанд.

Нишасти матбуотӣ дар Кумита

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Радиои Тоҷикистон нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.  
Дар оғоз раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён тамоми ҳозирон - бо шумули кормандони Кумита ва намояндагони ВАО – ро хайрамақдам гуфта, омодагии худро барои посух гуфтан ба саволҳои рӯзноманигорон изҳор намуд.

Ҷавонон ва варзиш

Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳо, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш ва мо — варзишгарон шароит фароҳам сохт, ки

Страницы