Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Панҷ
Нашр шуд. Ҷум, 18/08/2017 - 08:50Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба кулли сокинони сарбаланду меҳмондӯсти ноҳияи Панҷ барои заҳмати содиқона ба хотири ободии Ватан ва пазироии самимии Роҳбари давлат арзи сипос менамоям ва ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи вусъати амалҳои созандаатон ба хотири пешрафту тараққиёти кишвари маҳбубамон барору комёбиҳо орзумандам.
Муқимӣ будан дар соҳили рӯду мавзеъҳои дорои обҳои фаровон ба халқи куҳанбунёди мо, хусусан сокинони заҳматпешаи ноҳияи Панҷ имконият додааст, ки тавассути шуғлҳои асосии зиндагисоз, ба монанди зироаткориву чорводорӣ, бунёди боғу токзор ва касбу ҳунарҳои мардумӣ дар ободонии макони зист ва рӯзгори хеш ба пешравиҳо ноил гардида, бо кору фаъолияти софдилона диёри худро обод гардонанд, арзишҳои миллиамонро гиромӣ доранд ва дар рушди давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузоранд.
Насли калонсоли ноҳияи Панҷ хуб дар хотир дорад, ки дар гузаштаи начандон дур қаламрави ноҳия як мавзеъи нообод ва қамишзору туғайзор буда, дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии падару бобоёни

Тайи солҳои 1997-2016 дар ноҳияи Ҷайҳун тавассути дастгирии давлат, инчунин бо кумаки соҳибкорон даҳҳо бинои нави таълимӣ ва 271 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуда, дар маҷмӯъ, барои беш аз 7200 ҳазор нафар хонанда шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шудааст. Ин нуктаро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун



