Ифтитоҳи бинои нави Маркази ҷавонон дар ноҳияи Дӯстӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар вазъи мутантан бинои нави Маркази ҷавононро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлатро дар саҳни бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавонон насли  хуштолеи замони истиқлол — ҷавонони ноҳия бо самимият ва муҳаббати хосса истиқбол намуданд.

Бинои нави Маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ аз 2 ошёна иборат буда, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Иншооти мазкур дар зарфи ду сол бо маблағи 4, 5 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар ин бино ҳуҷраҳои   таълимӣ, ки дар онҳо ба ҷавонон дарсҳои информатика, санъати мусиқӣ, рассомӣ ва дигар касбу ҳунарҳо  омӯзонда мешаванд, ҷойгиранд.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Баҳор-1»-и ноҳияи Дӯстӣ

Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷиликул аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Баҳор-1» дидан намуданд.

Шуғли асосии хоҷагии мазкур боғдорӣ буда, саҳмдорони он бештар меваҳои ситрусиро парвариш мекунанд. Хоҷагии номбурда дар ихтиёри худ 2 гектар замин дошта, дар як гектари он боғ бунёд намудаанд, ки ниҳоли дарахтони анор, шафтолу, ангур ва дигар навъи меваҷот ҳосили фаровон доданд. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, феълан дар ноҳияи Дӯстӣ беш аз 1000 гектар боғҳои ситрусӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола боғдорони ноҳия аз ин ҳисоб ҳосили баланд ба даст меоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмат ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ, нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои кӯҳна, васеъ намудани майдони боғот ва гирифтани ҳосили баланду содироти он ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи Мактаби №16 дар деҳаи “Роҳи нав”-и ноҳияи Дӯстӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва  ҷавонони ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Роҳи нав” ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст оғоз бахшиданд.

Сохтмони  муассисаи мазкур ҳанӯз  соли 2015 оғоз ёфта,  то ин муддат боргоҳи таълимӣ бо назардошти талаботи муосир сохта шуд. Фармоишгари иншооти мазкур Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда,  тибқи иттилои масъулин, сохтмони мактаб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ гардидааст.

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust travel»  12 августи соли 2017  хабар дода, афзудааст: «Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводид дорад».
Ба навиштаи маҷалла, Тоҷикистон соли гузашта низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо

Страницы