Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис ёфт

Бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок ва пайваста рушду инкишоф ёфтани фаъолияти минбаъдаи соҳаи фарҳанги мамлакат ва муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, инчунин ҷиҳати омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун

Ҳамдиёрони зиз!
Ноҳияи Ҷайҳун яке аз мавзеъҳои аз лиҳози кишоварзӣ асосиву муҳимми вилояти Хатлон ва кишварамон ба ҳисоб рафта, бо заминҳои ҳосилхез, обҳои фаровон ва муҳимтар аз ҳама, бо мардуми заҳматкашу ганҷофараш шуҳрат дорад ва хусусан, солҳои охир дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”

17 августи соли 2017 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” аз наздик шинос шуда, бо коргарону мутахассисони он суҳбати самимӣ доир карданд.

Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Фирдавс Валиев таъсис ёфта, баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин истифодаи самараноки замин ба хотири беҳдошти зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” моҳи ноябри соли 2016 таъсис ёфта, ҳамчун субъекти хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, шолӣ ва гандум дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият дорад.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар мавзеъи Сари пули ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2008 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд»» ба муҳлати 25 сол ташкил шудааст. Шакли фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» комплексӣ ва тиҷоратӣ буда, масоҳати умумии он 401,6 гектарро дар бар мегирад. То ин вақт аз масоҳати умумии заминҳои минтақа 18,7 гектар аз худ карда шудааст.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» барои бунёди боз се корхона, аз ҷумла ҶСШП «Бурок», ҶДММ «Танус» ва ҶДММ «Глобал» санги асос гузошта шуд.

Страницы