Ифтитоҳи дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон» дар ноҳияи Ҷайҳун

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон», ки зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» ба ҳисоб меравад, иштирок намуданд.
Иншооти нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» бо маблағгузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар ин ҷо барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити муосири хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои таълиму тарбияи сарбозон, бахусус наваскарон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва рӯҳ

Иштироки Пешвои миллат дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 220\110\10 киловаттаи «Геран-2»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сарвари давлатро дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш

16.08.2017, ноҳияи Вахш

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Басо рамзист, ки мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо — сокинони ҳимматбаланду қавииродаи ноҳияи Вахш дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни барои ҳамаамон муқаддасу муборак — бистушашсолагии истиқлолияти давлатии

Оғози бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Вахш

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта, дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбату мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Страницы