Суханронии Пешвои миллат ба ифтихори 25 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Пан, 08/09/2016 - 20:51Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Фардо ба санаи сарнавиштсозу муқаддас - истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст, бисту панҷ сол пур мешавад.