Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзони ноҳияи Бохтар нисбат ба ноҳияҳои дигар барои фурӯши маҳсулот шароити хуб доранд»

Саҳми ноҳияи Бохтар ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзиву саноатии вилояти Хатлон дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле арзишманд мебошад. Ин нукта имрӯз зимни суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таъкид гардид. Сарвари давлат ҳамчунин иброз доштанд, ки соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 880 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2015-ум 24 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ низ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11 фоизро ташкил кардааст.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтар

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама, ба шумо – намояндагони мардуми ватандӯсту қавиирода ва меҳмоннавози ноҳияи Бохтар барои фаъолияти созандаатон ва истиқболи самимӣ изҳори сипос менамоям.
Тавре ки мушоҳида мегардад, дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши мардуми заҳматпешаи ноҳияи Бохтар пешрафти бомароми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъмин гардида, шароити зиндагии сокинони он ба сол беҳтар шуда истодааст.
Сохтмон ва таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои дохилӣ, хатҳои нерӯи барқ, муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Донишкадаи энергетикӣ, Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат, дигар иншооти муосири соҳаи маориф ва марказҳои хизматрасонӣ симои ноҳияро дар муқоиса бо солҳои пеш хеле ободу зебо гардонидаанд.
Саҳми ноҳияи Бохтар ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзиву саноатии вилояти Хатлон дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле арзишманд мебошад.
Соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 880

Ба истифода додани Мактаби №14 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар

Дар чаҳорчӯби боздиди корӣ аз ноҳияи Бохтар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 1320 ҷойи нишаст дар ду баст иштирок варзиданд.
Хонандагони ин мактаб бо нишони арҷгузорӣ ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Хабар дода шуд, ки муассисаи мазкур тибқи нақшаи тарҳрезигардида барои 660 ҷойи нишаст бо назардошти 27 синфхона, аз ҷумла ҳафт кабинети фаннӣ, кабинети инкишофи кӯдак, утоқ барои директор ва муаллимон, қабулгоҳ, муҳосибот, утоқи ҳамшираи шафқат, се кабинет барои омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ, синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои иловагӣ бунёд ёфтааст.

Ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар

Дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок карданд.
Сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар дар асоси вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳаҷми ғунҷоиши иншооти мазкур 2000 тонна мебошад.
Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назарбек Шарифов тавассути сармоягузории хориҷӣ сохта шуда, мақсад аз он дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад, ки ин раванд ба танзими нарху наво дар бозори истеъмолӣ низ мусоидати фаъол мекунад.
Дастандаркорони ин ташаббус хабар доданд, ки арзиши лоиҳавии ин сардхона 2,5 миллион сомонӣ буда, он дар давоми як сол бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорро намунавӣ хонда, бобати бештар кардани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ва дигар шаҳру навоҳии

Страницы