Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нашр шуд. Сеш, 28/06/2016 - 11:3528 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мулоқот кард.
Пеш аз натиҷагирӣ аз сафари бобарору созандаи корӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнону Ишкошим, ки аз 25 то 28 июн ҷараён дошт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои умумимиллӣ - 19 - умин солгарди Ваҳдат