Эълони Кумитаи телевизион ва радио
Нашр шуд. Пан, 19/01/2017 - 19:37Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пурзўр намудани самаранокии воситаҳои ахбори омма ҳамчун воситаи муҳими тарғиботӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» ва шабакаҳои Радиои Тоҷикистон барои дарёфти наттоқон, муҳаррирон ва коргардонҳои ҳирфаӣ ОЗМУН эълон менамояд. Довталабон бояд дорои лаҳни гўё, хотираи қавӣ, маҳорати суханварӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ буда, дар доираи жанрҳои журналистика барномаҳо таҳия намуда, дар инъикоси мавзўъҳои актуалӣ, таҳлилу тадқиқ, масъалаҳои муҳими ҷомеа маҳорат дошта бошанд.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
*Ариза
*Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо
*Тарҷумаи ҳол
*3 дона расми 3х4

Соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул гардидани ташаббуси нави башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардонид.
Ҳамватанони азиз!
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо мақсади ҷалби наттоқон ва барандагони боистеъдод дар бахшҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисии Идораи иттилоотӣ, ҳамзамон шореҳони сиёсӣ ва иқтисодӣ, коргардонҳо, наворбардорони соҳибзавқ озмун эълон менамояд. Дар озмун вобаста ба самти фаъолият шаҳрвандони аз синни 20 - сола боло ва дорои маълумоти олӣ иштирок карда метавонанд. Талабот нисбат ба ҷавондухтарон ва ҷавонписароне, ки довталаби озмун дар бахши наттоқӣ ҳастанд: забондонӣ, нутқи бурро ва истеъдоди баланди суханварӣ, ҷаҳонбинии васеъ, чеҳраи телевизионӣ. Хоҳишмандон метавонанд бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод-7а, Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои маълумот: 227-66-54, 221-35-26, 227-66-52; 



