Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи модар
Нашр шуд. Душ, 07/03/2016 - 17:03Модарону хоҳарони арҷманд!
Фарзандони азиз!
Ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модарон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, тамоми модарону бонувони гиромӣ ва духтарони азизи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу менамоям.
Ба оғози эҳёи табиат – фасли рӯидани сабза...
Ёде аз Лоиқ Шералӣ…
Нашр шуд. Якш, 06/03/2016 - 08:42Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт
Дар талоши қисмату номусу ном.
Боз як хуршед моро тарк гуфт,
Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом.
Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон, шаб ба хайр!
Боз як рӯзе гузашту даррабуд
Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ.
Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал
Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ.
Шаб ба хайр, эй дӯстдорон, шаб ба хайр!
Боз торикиву бар ёдам расид
Таърихи бунёди МД ТВ «Синамо», «Варзиш» ва Академияи ВАО
Нашр шуд. Шан, 05/03/2016 - 08:36«Синамои тоҷик таърихи пурифтихор дошта, як қатор филмҳои он шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд. Бо мақсади идома бахшидан ба анъанаҳои неки синамои миллӣ синамогарони тоҷик дар даврони истиқлолият тавонистанд масъалаҳои мубрами рӯз ва набзи ҷомеаро дар як силсила филмҳои худ инъикос намоянд.
Ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳҳои муҳимми тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёри мо, омили
Тасдиқи Ангораи ҷашни Наврӯзӣ
Нашр шуд. Пан, 03/03/2016 - 11:33Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯзӣ тасдиқ карда шуд.
Ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ истифода гардад.
Вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои