Эй Пешвои миллат!
Нашр шуд. Шан, 20/02/2016 - 10:29Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Эй Қаҳрамони миллат,
Зўру тавони миллат
Гардида решапайванд
Ҷонат ба ҷони миллат
Хуш гуфтааст шоир: "Бо ҷанг ҷанг кардӣ",
Дар ҳифзи нанги миллат додӣ ту доди мардӣ,
Дар ҷодаи ҳақиқат бо азм раҳ сипардӣ,
Оре, ту бо ҷаҳолат як умр дар набардӣ,
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
Нашр шуд. Ҷум, 19/02/2016 - 11:12Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, Қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу
Соли 2015 - cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор
Нашр шуд. Чор, 03/02/2016 - 14:20Соли 2015 аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол сипарӣ шуд. Дар ин давраи кӯтоҳи таърих мардуми соҳибтамаддуни тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва бо заҳмати софдилона корҳои ободониву созандагиро вусъат доданд.