Парчами миллӣ сари баланди мост
Нашр шуд. Чор, 11/11/2015 - 12:35Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Аз ин рӯст, ки парчами миллӣ аз ҳар яки мо одоби хосаи муносибатро талаб дорад.