Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Нашр шуд. Якш, 04/10/2015 - 12:32Ҳамватанони азиз!
Дар кишвари маҳбубамон ҳар сол рӯзи 5 - уми октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва дӯстдорони забони ноби тоҷикиро табрик гуфта, барои ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.
Ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва