Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нашр шуд. Сеш, 28/06/2016 - 09:30
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ!
Нахуст аз ҳама, мехоҳам ба кулли сокинони сарбаланду меҳмоннавози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, падару модарони арҷманд, пирони барнодил ва ҷавонони ватандӯст, ки суннати деринаи мардуми соҳибфарҳангамонро гиромӣ медоранд ва Роҳбари давлатро чун ҳамеша бо чеҳраҳои гарму рӯҳи болида истиқбол мегиранд, изҳори сипос намоям.
Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо, роҳбарону фаъолони вилоят, дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ва дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор мегардад, ки ин санаи таърихиро хурду бузурги кишварамон дирӯз дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил карданд.
Бинобар ин, кулли сокинони вилоят ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро бори дига

Ҳамватанони азиз!
Ҳамватанони азиз!
Ҳамватанони азиз!



